ТИМИ ҶУДОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ZAGREB GRAND PRIX 2023 ШИРКАТ МЕКУНАД
ТИМИ ҶУДОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ZAGREB GRAND PRIX 2023 ШИРКАТ МЕКУНАД 2 нафар узви тими мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар ZAGREB GRAND PRIX 2023 ширкат мекунанд. ZAGREB GRAND PRIX 2023 аз 18 то 20 август баргузор мешавад. Барои ширкат дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ 560 варзишгар (338 мард, 222 зан) аз 88 давлат номнавис шудаанд. Аз ҷумла, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 2 варзишгарро ба ZAGREB GRAND PRIX 2023 сафарбар менамояд: -66кг – Обид ҶЕБОВ -90кг – Ҷаҳонгир МАҶИДОВ Рақобатҳо чун анъана дар ҳафт вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон сурат мегирад. Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд: ғолибон дар ҳамаи вазнҳо 3000 евро, барандагони медали нуқра 2000 евро ва барандагони медали биринҷӣ 1000 евро. Барномаи мусобиқа: 18 Август Бонувон: -48кг, -52кг, -57кг Мардҳо: -60кг, -66кг 19 Август Бонувон: -63кг, -70кг Мардҳо: -73кг, -81кг 20 Август Бонувон: -78кг, +78кг Мардҳо: -90кг, -100кг, +100кг
