Медали биринҷии Сомон аз Қаҳрамонии ҷудои Осиё

Сомон дар рӯзи дуюми мусобиқа ба майдон баромад. Ӯ дар даври аввал озод буда, дар марҳилаи дуюм бо Согайр Салике варзишгари чинӣ нерӯсанҷӣ кард. Дар ин рақобат Сомон ҳамтои худро бо имтиёзи иппон шикаст дода, ба даври чаҳорякниҳоии Қаҳрамонии ҷудои Осиё роҳ ёфт. Дар даври навбатӣ Сомон бо Шарофиддин Болтабоев паҳлавони Узбекистон рақобат карда, бо имтиёзи иппон мағлуб шуд ва ба даври тасаллобахш рафт.

Варзишгари мо дар марҳилаи тасаллобахши мусобиқа бо ҳамтои дигари худ аз Қирғизистон - Асад Масабиров қувваозмоӣ кард. Дар рақобати мазкур Сомон тавонист бо мағлуб намудани ҳарифаш роҳи худро барои мусобиқа ҷиҳати ба даст овардани медал ҳамвор созад. Дар рақобат барои гирифтани медали биринҷи Сомонро зарур омад то бо Жубаназар Абулайхани қазоқ вориди майдон гардад.

Маҳмадбеков дар сабқати мазкур бо гирифтани як вазарӣ ва ҳолати “осаекоми” ҳарифи худро мағлуб намуда, медали биринҷии Қаҳрамонии ҷудои Осиёро ба даст овард.

Қайд кардан ба маврид аст, ки мусобиқаи мазкур аз 20-уми апрел то бегоҳи имрӯз баргузор мегардад.