Ҷаҳонгир Маҷидов барандаи медали дуюми биринҷӣ аз Қаҳрамонии ҷудои Осиё

Маҷидов дар рақобат барои ба даст овардани нишони биринҷӣ бо имтиёзи вазарӣ муқобили Нурлюхан Шархани қазоқ пирӯзӣ ба даст овард. Ин варзишгари сангинвазни кишвар барои роҳ ёфтан то ин марҳила дар даври аввал бар Шенг Кай Лини чиниро шикаст дода, дар даври чаҳорякниҳоӣ аз варзишгари муғул Батхуяг Гончигсурен мағлуб шуду, дар рақобати тасаллобахш бошад бо имтиёзи иппон Автар Сингҳ, паҳлавони ҳиндиро шикаст дод.

Ин дуюмин нишони биринҷӣ барои варзишгарони тоҷик аз Қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонгконг ба ҳисоб меравад. Медали якумро дар ин сабқат Сомон Маҳмадбеков дар рӯзи дуюм зери вазни 81 кг ба даст оварда буд.