Қуръакашии Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон доир шуд
Қуръакашии Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон доир шуд. Имрӯз - 1 уми октябр маросими қуръакашии Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон 2024 баргузор шуд. Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар мусобиқа 531 варзишгар (290 мард, 241 зан) аз 67 давлати ҷаҳон ширкат менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 24 варзишгар миёни мардон ва бонувон намояндагӣ мекунанд. Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон фардо – 2 октябр бо қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60кг, -66кг миёни мардон, -48кг, -52кг, миёни бонувон оғоз мегардад. 3 октябр мардҳо дар вазни -73кг, бонувон дар вазнҳои -57кг -63кг, 4 октябр мардҳо дар вазнҳои -81кг, -90кг, бонувон дар вазни -70кг, 5 октябр мардҳо дар вазнҳои -100кг, +100кг, бонувон дар вазҳои -78кг, +78кг, сабқат мекунанд.
