Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо ифтихор ва самимият табрики худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои интихоб шуданашон ба ҳайси Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо ифтихор ва самимият табрики худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои интихоб шуданашон ба ҳайси Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон изҳор медорад. Ин рӯйдоди муҳим бозгӯйи эътимоди комил ба роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат ва саҳми бузурги эшон дар рушди варзиш дар кишвар мебошад. Зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, варзишгарони тоҷик, аз ҷумла ҷудокорон, ба дастовардҳои назаррас дар арсаи байналмилалӣ ноил гаштаанд, ки ин ифтихори бузурги миллат мебошад. Федератсияи ҷудои Тоҷикистон омодааст дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат, тамоми кӯшишҳоро барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳони тавассути ҷудо ва дигар навъҳои варзиш равона созад.