Эмомали Нурали, паҳлавони боистеъдоди тоҷик, ки дар вазни то 66 кг дар мусобиқаи бонуфузи RUSSIAN JUDO TOUR ҳунарнамоӣ мекунад, медали тилло ба даст овард.

Эмомали Нурали, паҳлавони боистеъдоди тоҷик, ки дар вазни то 66 кг дар мусобиқаи бонуфузи  RUSSIAN JUDO TOUR ҳунарнамоӣ мекунад, медали тилло ба даст овард. Дар роҳи пирӯзӣ ӯ маҳорати баланди худро нишон дода, бар ҳарифон аз Русия, Қирғизистон ва ду паҳлавони пурқуввати Ӯзбекистон ғолиб омад. Ин комёбӣ бори дигар сатҳи баланди мактаби ҷудои тоҷикро собит кард.  Эмомали Нурали на танҳо маҳорати худро исбот кард, балки мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшида, варзишгарони ҷавонро бо ирода ва касбияти худ илҳом мебахшад.