Изҳороти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар пайравӣ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2024)

Изҳороти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар пайравӣ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2024) Ҳамватанони гиромӣ, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун роҳнамои аслӣ барои рушди варзиш ва ҷудо дар кишвар қабул менамояд. Мо бо ифтихор қайд мекунем, ки дар Паёми худ Президенти кишвар ба дастовардҳои назарраси варзишгарони тоҷик, бахусус дар риштаи ҷудо, ишора намуда, заҳмати мураббиён ва варзишгарони кишварро қадр карданд. Варзишгарони мо дар Олимпиадаи охирин бо ба даст овардани 7 роҳхат ва гирифтани 2 медали биринҷӣ исбот намуданд, ки ҷудои тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ мавқеи устувор пайдо кардааст. Ин дастовардҳо бевосита натиҷаи сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат ва дастгирии ҳамешагии Ҳукумати кишвар аз соҳаи варзиш мебошад. Федератсияи ҷудои Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои баланд бардоштани сатҳи омодагии варзишгарон, ташкил ва баргузор намудани мусобиқаҳои сатҳи баланд, инчунин тарбияи насли нави ҷудокорон тамоми чораҳои заруриро андешад. Мо ба ҳамаи варзишгарон, мураббиён ва шахсоне, ки ба пешрафти ҷудои тоҷик саҳм мегузоранд, изҳори сипос менамоем ва таъкид мекунем, ки пайравӣ ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат моро ба қуллаҳои баланди нав ба нав мерасонад.