Натиҷаҳо ва нақшаҳои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои солҳои 2024–2025

Натиҷаҳо ва нақшаҳои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои солҳои 2024–2025 Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо сарбаланди натиҷаҳои соли 2024-ро ҷамъбаст менамояд, ки яке аз солҳои пурсамартарин дар таърихи ҷудои миллии мо гардид. Ҷудокорони кишвар дар ин сол 36 медал, аз ҷумла 8 тилло, 10 нуқра ва 18 биринҷӣ ба даст оварданд, ки бори дигар дараҷаи баланди маҳорат ва сатҳи варзишии ҷудои тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ нишон доданд. Дастовардҳои асосии соли 2024: БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024 : Пас аз 16 сол, ду медали биринҷӣ ба даст омад, ки ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар радабандии ҷудои ҷаҳонӣ мустаҳкам кард. Чемпионати ҷаҳон: Пас аз 17 сол, ҷудокори тоҷик аввалин медали биринҷиро дар чемпионати ҷаҳон соҳиб шуд. Гранд Слам: Бо ба даст овардани 16 медал, ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ худро муваффақ нишон доданд. Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон: Ду медали арзишманд дар мусобиқаи ҷаҳонии ҷавонон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Чемпионати Осиё: Дар чемпионати қитъавӣ варзишгарони мо 4 медал ба даст оварданд. Ҷоми кушоди Осиё: Дар якчанд мусобиқаи байналмилалӣ зиёда аз 8 медал соҳиб шуданд. Russian Judo Tour: Муҳимтарин дастоварди Эмомали Нурали – медали тилло дар вазни то 66 кг, инчунин як медали дигар, ки рушди ҷудои тоҷикро собит сохт. Ҷамъомадҳои байналмилалӣ: Иштирок дар зиёда аз 10 ҷамъомади омӯзишиву машқӣ ба варзишгарони мо имконият дод, ки таҷрибаи худро бо ҷудокорони беҳтарини ҷаҳон такмил диҳанд.