Тоҷикон боз бо тилло дурахшиданд!

Тоҷикон боз бо тилло дурахшиданд!

Паҳлавони умедбахши тоҷик, Рошид Неъматов дар вазни то 73 кг бо маҳорати олӣ ва иродаи қавӣ дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо — «Ҷоми кушоди Африқо» миёни наврасон ва ҷавонон, ки дар шаҳри Касабланкаи Марокаш баргузор шуд, медали тиллоро ба даст овард.

Ин пирӯзии бузург на танҳо маҳорати баланди Рошидро, балки меҳнати устодон ва иродаи тоҷиконро дар ҷодаи варзиш собит мекунад. Мо ба ин ҷавони боистеъдод ифтихор мекунем ва итминон дорем, ки ин пирӯзӣ оғози муваффақиятҳои бузурги ӯ дар арсаи ҷаҳонӣ хоҳад буд.