Туҳфаи Мадина Қурбонзода ба тамоми бонувон

Гурдофариди тоҷик, Мадина Қурбонзода, дар мусобиқаи бонуфузи “Antalya Millennium Team Cadet European Cup 2025” ҳунарнамоии шоиста намуда, бо иродаи қавӣ ва ҷасорати беандоза ба мусофати пирӯзӣ қадам гузошт. Бо талошу муборизаи, ӯ тавонист нишони биринҷиро ба даст оварда, парчами Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло бардорад.
Мусобиқаи мазкур рӯзҳои 8-9 марти соли 2025 дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор мегардад, 448 ҷудокор (239 писар ва 209 духтар) аз 24 кишвари ҷаҳон барои ба даст овардани медалҳо рақобат карданд.
Мадина бо ин дастоварди худ бори дигар собит сохт, ки духтари тоҷик бо азму иродаи матин метавонад дар паҳлуи беҳтарин варзишгарони ҷаҳон истода, ифтихори миллат гардад. Иштироки ӯ дар ин мусобиқа на танҳо натиҷаи шахсии ӯ, балки паёме гаронбаҳо ба тамоми бонувони тоҷик аст: бо меҳнату садоқат, бо иродаи шикастнопазир метавон ҳар қулларо фатҳ кард!