Меҳрзод Суфиев дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2025» медали нуқраро ба даст овард.
Меҳрзод Суфиев дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2025», ки аз 2 то 4 май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар вазни то 60 кг бо натиҷаҳои аъло баромад намуда, медали нуқраро ба даст овард. Вай дар финал аз намояндаи Озарбойҷон, Балабай Агаев, бо имтиёзи иппон мағлуб шуд.