Пирӯзии дурахшони паҳлавонони тоҷик дар вазни то 73 кг дар “Dushanbe Grand Slam 2025”

Пирӯзии дурахшони паҳлавонони тоҷик дар вазни то 73 кг дар “Dushanbe Grand Slam 2025”

Дар рӯзҳои баргузории мусобиқаи байналмилалии дзюдо “Dushanbe Grand Slam 2025”, ки аз 2 то 4 май дар шаҳри Душанбе сурат гирифт, варзишгарони тоҷик дар вазни то 73 кг низ баромади қаҳрамонона нишон доданд.

Асадуллоев Мухидин бо маҳорати баланд ва ҷасорати варзишӣ дар ҳамаи даврҳо пирӯз гардида, ба финали вазн роҳ ёфт. Дар даври ҳалкунанда ӯ бо як иҷрои комил рақибашро шикаст дода, медали тилло ва унвони қаҳрамони вазни то 73 кг-ро ба даст овард.

Ҳамчунин, Абубакр Шеров, дигар намояндаи Тоҷикистон, пас аз рафтан ба даври тасаллобахш, тавонист дар муҳорибаи ҳалкунанда ғалаба ба даст оварда, медали биринҷӣ ба даст орад.

Ин натиҷаҳо боз як далели тавоноии ҷудои тоҷик дар саҳнаи байналмилалӣ буда, иштироки пуршукӯҳи варзишгарони кишвар дар “Dushanbe Grand Slam 2025” мояи ифтихор ва умед ба ояндаи дурахшони ин риштаи варзиш мебошад.