Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2025», ки аз 2 то 4 май дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, варзишгари маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг бо баромади аъло медали тилло ба даст овард.

Вай дар даври ниҳоӣ бар рақиби бетарафи Адам Тсечоев пирӯз шуд ва барои дуюмин бор дар мусобиқаҳои Гранд Слам медали тилло гирифт .
Ин дастовард барои Сомон Маҳмадбеков ва ҷудои тоҷик аҳамияти хос дорад, зеро бо ин пирӯзӣ Тоҷикистон дар феҳристи медалҳо дар зинаи аввал қарор гирифт .
Медали тиллои Сомон Маҳмадбеков боз як гом ба сӯи пешрафти ҷудои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.