Ҷудокори ҷавони тоҷик Муҳиддин Асадуллоев ситораи рӯ ба рушд дар соли 2025 эътироф гардид. Ин дастоварди баланд боиси ифтихор ва сарфарозии тамоми ҷомеаи варзишии кишвар мебошад.

Ҷудокори ҷавони тоҷик Муҳиддин Асадуллоев ситораи рӯ ба рушд дар соли 2025 эътироф гардид. Ин дастоварди баланд боиси ифтихор ва сарфарозии тамоми ҷомеаи варзишии кишвар мебошад.

Номзадҳо ба ҷоиза:
• Муҳиддин Асадуллоев (Тоҷикистон) — қаҳрамони ҷаҳон байни ҷавонон дар вазни -73 кг
• Иракли Гогинашвили (Британияи Кабир) — қаҳрамони Аврупо байни ҷавонон ва барандаи медали биринҷии ҷаҳон
• Селия Канкан (Фаронса) — қаҳрамони дукаратаи Аврупо ва қаҳрамони ҷаҳон байни ҷавонон

Маросими супоридани ҷоиза дирӯз дар шаҳри Париж дар фазои тантанавӣ баргузор гардид. Ҷоизаро котиби генералии Федератсияи байналмилалии ҷудо — Лиза Алан ба ғолиб супорид.

Ин пирӯзӣ боиси ифтихор ва сарфарозии тамоми кишвар аст. Далели равшанест, ки насли нави ҷудокорони тоҷик бо ҷасорат, маҳорат ва рӯҳи пирӯзӣ ба саҳнаи ҷаҳонӣ қадам мегузоранд.

Ин муваффақият нишон медиҳад, ки ояндаи ҷудои Тоҷикистон дурахшон аст. Он ҳамзамон илҳомбахши варзишгарони наврас ва ҷавонон гардида, онҳоро ба заҳмати бештар ва ҳадафҳои баланд роҳнамоӣ мекунад. Ҳар як чунин натиҷа эътимодро ба рушди устувори мактаби миллии ҷудо тақвият медиҳад.

Ба қаҳрамони ҷавон комёбиҳои боз ҳам бештар, пирӯзиҳои нав ва парчами баланд дар мусобиқаҳои байналмилалӣ таманно дорем! 🥋🇹🇯