Ҷудокори маъруфи кишвар Эмомалӣ Нуралӣ дар мусобиқаи байналмилалӣ баромади арзанда нишон дода, соҳиби нишони биринҷӣ гардид.

Эмомалӣ Нуралӣ рақобатҳоро аз даври дуюм оғоз намуд, зеро дар даври аввал озод буд. Дар нахустин рақобати худ ӯ намояндаи Украинаро мағлуб карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Дар даври чаҳорякфинал Нуралӣ бо ҷудокори пурқуввати Ҷопон — Шинсей Хатори қувваозмоӣ карда, мутаассифона шикаст хӯрд ва муборизаро дар даври тасаллобахш идома дод.
Дар даври тасаллобахш ҷудокори тоҷик намояндаи Бразилияро шикаст дода, ба рақобат барои нишони биринҷӣ роҳ ёфт. Дар муборизаи ҳалкунанда барои ҷойи сеюм Эмомалӣ Нуралӣ бар рақиби худ аз Италия пирӯз шуда, медали биринҷии мусобиқаро ба даст овард.
Бо ин дастовард Эмомалӣ Нуралӣ бори дигар маҳорати баланд ва рӯҳияи қавии варзишгарони тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ нишон дод.