Ҷудокори тоҷик Абдуллои Ориф дар мусобиқаи байналмилалии Tashkent Grand Slam ҳунари баланд нишон дода, соҳиби медали тилло дар вазни то 73 килограмм гардид.

Ҷудокори тоҷик Абдуллои Ориф дар мусобиқаи байналмилалии Tashkent Grand Slam ҳунари баланд нишон дода, соҳиби медали тилло дар вазни то 73 килограмм гардид.

Варзишгари мо дар ҷараёни рақобатҳо бо иҷрои усулҳои зебо ва муборизаҳои пуршиддат ҳамаи рақибонашро мағлуб намуда, ба финал роҳ ёфт. Дар рақобати ҳалкунанда Абдуллои Ориф бо иродаи қавӣ ва тактикаи дақиқ пирӯзӣ ба даст оварда, парчами Тоҷикистонро дар шаҳри Тошкент баланд бардошт.

Маросими ҷоизасупорӣ дар фазои тантанавӣ баргузор шуда, медали тилло ва ҷоизаи чемпион ба ҷудокори тоҷик супорида шуд.