Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон пас аз иштироки пуршиддат дар мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2026, тамринҳои худро дар пойтахти Ӯзбекистон идома медиҳад.

Аз 2 то 5 марти соли ҷорӣ ҷудокорони мо дар машқҳои дастаҷамъона, ки дар шаҳри Тошканд баргузор мегарданд, иштирок мекунанд.
Дар ин ҷамъомади тамринӣ ҷудокорон аз 15 кишвар ҳузур доранд. Чунин машқҳо имконият медиҳанд, ки варзишгарон:
• бо рақибони сатҳи олӣ рандорӣ (машқҳои озод) анҷом диҳанд
• тактика ва услубҳои гуногуни ҷудоро омӯзанд
• омодагии ҷисмонӣ ва равониро баланд бардоранд
• таҷрибаи байналмилалиро тақвият бахшанд
Иштирок дар чунин машқҳои байналмилалӣ барои мунтахаби кишвар як марҳилаи муҳими омодагӣ ба стартҳои минбаъдаи тақвими ҷаҳонӣ мебошад. Тамрин бо беҳтарин варзишгарони минтақа ва ҷаҳон ба ҷудокорони тоҷик имкон медиҳад, ки сатҳи рақобатпазирии худро боз ҳам боло баранд.
Дастаи мунтахаби кишвар бо рӯҳияи баланд ва таҷрибаи нав ба Ватан бармегардад, то омодагиро барои мусобиқаҳои оянда идома диҳад.