Ҷудокори тоҷик Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё–2026 саҳифаи нави таърихро боз кард — ӯ соҳиби медали биринҷӣ гардид ва аввалин бону аз Тоҷикистон шуд, ки ба чунин дастовард дар сатҳи қитъа мерасад.

Мадина Қурбонзода баромади худро бо пирӯзӣ бар намояндаи Ҳонг Конг оғоз намуд. Дар даври дуюм ӯ рақиби худро аз Ҳиндустон мағлуб карда, бо боварии бештар ба марҳилаи ниманиҳо роҳ ёфт.
Дар ниманиҳо, бо вуҷуди муборизаи сахт, аз намояндаи Муғулистон мағлуб шуд, аммо рӯҳия ва иродаи қавии худро аз даст надод.
Дар рақобат барои ҷойи сеюм, Мадина Қурбонзода бо иҷрои як партофти зебои иппон рақиби худро шикаст дода, медали биринҷиро ба даст овард.
Ин дастовард на танҳо пирӯзии шахсӣ, балки рӯйдоди таърихӣ барои ҷудои бонувони Тоҷикистон мебошад. Мадина исбот кард, ки бонувони тоҷик низ метавонанд дар сатҳи баландтарини қитъавӣ рақобат кунанд ва ба медалҳои бузург ноил гарданд.
Ин медал — оғози давраи нави пирӯзиҳо барои ҷудои бонувони Тоҷикистон аст