Муҳиддин Асадуллоев — Қаҳрамони Осиё-2026!

Муҳиддин Асадуллоев — Қаҳрамони Осиё-2026! 
Ҷудокори ҷавони тоҷик Муҳиддин Асадуллоев дар Чемпионати Осиё-2026 дар вазни -73 кг бо намоиши ҷудои сатҳи баланд ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт.

Муҳиддин дар даври аввал озод буд. Дар даври дуюм намояндаи Қирғизистон, дар даври сеюм намояндаи Кореяи Шимолӣ-ро мағлуб намуд.

Дар нимфинал Асадуллоев бар яке аз рақибони асосии ин вазн — намояндаи Кореяи Ҷанубӣ пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфт.

Дар рақобати ҳалкунанда ҷудокори тоҷик намояндаи Амороти Муттаҳидаи Араб-ро шикаст дода, медали тилло ва унвони Қаҳрамони Осиё-2026-ро ба даст овард. 

Муҳиддин, муборак бошад! Тоҷикистон бо ту ифтихор мекунад