Сомон Маҳмадбеков — барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё-2026! 🇹🇯

Сомон Маҳмадбеков — барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё-2026! 

Ҷудокори маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати Осиё-2026 дар вазни худ то финал расида, медали нуқра ба даст овард.

Сомон рақобатро бо пирӯзӣ бар намояндаи Муғулистон оғоз намуда, дар даври дуюм намояндаи Баҳрайн-ро мағлуб кард. Дар даври баъдӣ ӯ бар намояндаи Амороти Муттаҳидаи Араб пирӯз шуда, роҳашро ба финал идома дод.

Дар рақобати ниҳоӣ, ки хеле пуршиддат ва ҷолиб баргузор гардид, Сомон аз ҷудокори Қазоқистон шикаст хӯрда, бо медали нуқраи Чемпионати Осиё-2026 сарфароз гардид. 

🇹🇯 Сомон, муборак бошад! Мо бо ту ифтихор дорем!