Фаъолияти кории Федератсия оид ба гуштини дзюдо

Федератсияи ҷудои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2004 фаъолияти худро оғоз кардааст. Тибқи оиннома ва шаҳодатномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 8 октябри соли 2009 расман фаъолият менамояд.

Аз соли 2010 то инҷониб Лоиқов Нурулло Хушвахтович ба ҳайси раиси Федератсияи ҷудои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидааст.

Федератсия  ҷудои Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Федератсияи байналмилалии ҷудо  ва Осиё мебошад.

Федератсия ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ, ихтиёрӣ, худидоракунӣ, ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ ба ҳисоб меравад, ки мақсад ва вазифаи он ҳаракати Олимпиро эътироф намуда, мустаҳкам гардонидани саломатӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани нақши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инкишофи ҳаракати гӯштини ҷудоро дар ҷумҳурӣ мебошад.

Барои рушд ва инкишофи гӯштини ҷудо дар Тоҷикистон аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи баргузории зиёди мусобиқаҳо дар кишвар,  бо ташаббуси  Федератсияи ҷудо як қатор мусобиқаҳои байналмилалӣ баргузор шуданд:

  • «Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи шодравон устод Саидмуъмин Раҳимов»
  • «Қувваҳои мусаллаҳ»
  • «Ҷоми кушоди Вастан» 
  • «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Намояндагиҳо дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ:

  • ш. Душанбе
  • Вилояти Суғд
  • Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
  • Водии Рашт
  • Хатлон 1
  • Хатлон 2