Маълумоти умумӣ

Ҷудо (роҳи нарм) – риштаи варзишии олимпӣ мебошад ва дар он усулҳои партоб, лат додан ва нафасгир кардани ҳариф истифода мешавад.   Усулҳои лат додан фақат бо дасти ҳариф иҷоза дода шуда аст. Зарбаҳо ва бахше аз усулҳои латмаовар танҳо дар шакли “ката” омӯхта мешаванд. Чусту чолокӣ ва истифодаи усулӣ аз неруи рақиб дар ҷудо бисёр муҳим аст.


Ҷудо се усули асосӣ дорад: кӯмаки мутақобила ва дарки лозим барои рушди беҳтар, беҳтарин истифода аз неруи бадан ва руҳ ва таҳаммул ба хотири пирӯзӣ.

Федератсияи байналмилалии ҷудо (англ. International Judo Federation, IJF) соли 1951 ташкил шуда аст. Ин федератсия меъёр ва қонунҳои ҷудоро таин карда мусобиқаҳои қоравӣ ва ҷаҳониро баргузор менамояд.



ҚОНУНҲОИ ҶУДО

Ба ғайр аз тақсимбандии вазнҳо ҳамчунин тақсимбандии ҷудокорон ба гуруҳҳои синну солӣ вуҷуд доранд:
  • Хурдсолон – писарон ва духтарони  то 12 сола
  • Синну соли миёна – писарон ва духтарони то 14 сола
  • Наврасон – писарон ва духтарони то 17 сола
  • Навҷавонон – писарон ва духтарони то 20 сола
  • Ҷавонон – писарону духтарони то 23 сола
  • Мардон ва бонувон. Собиқадорон –  аз 30 сола боло
Нерусанҷии ҷудо дар ҳолати истода ва бо дастури “ҲАҶИМЕ” оғоз мешавад.  Барои манъ кардани нерусанҷӣ дастури “МАТЭ” истифода мегардад.  Дастури “СОРО- МАДЭ ”  нерусанҷиро хотима мебахшад.

 Барои пирӯзӣ ҷудокори ҳуҷумкунанда  бояд ҳарифашро ба пушт биафтонад ва ё дар ҳолати хобида усули нафасгир кардан, усули лат доданро анҷом диҳад  ва ё ҳарифро ба муддати 30 сония ба пушт  нигаҳ дорад.


ИМТИЁЗҲО ДАР ҶУДО

"Иппон" – болотарин имтиёз дар ҷудо буда маънои пирӯзии комилро дорад.
  • Ҷудокори ҳуҷумкунанда ҳарифро бо қудрат ва суръат ба пушт партоб ва то охир рақибро идора мекунад.
  • Ҷудокори ҳуҷумкунанда ҳарифро 25 сония дар рӯи гилем  ба пушт нигаҳ медорад.
  • Рақиб ду ва ё беш аз ду бор даст ё пояшро ба гилем ва ё ба бадани ҷудокори ҳуҷумкунанда мезанад. Агар дар ҳолати иҷрои усули лат додан, нафасгир кардан ва ё ба пушт нигаҳ доштан рақиб имкони истифода аз по ва дастро надошта бошад, метавонад “МАИТА” (таслим шудам) бигӯяд.
 
"Ваза-ари"- нисфи пирӯзӣ аст, ки дар ҳолатҳои зерин дода мешавад:
  • Ҷудокори ҳуҷумкунанда ҳарифро партоб ва зимни идора кардани рақиб яке аз се омилҳои таинкунандаи имтиёзи “ИППОН”- ро анҷом намедиҳад.
  •  Ҷудокори ҳуҷумкунанда дар ҳолати хобида ҳарифи худро беш аз 20 ва камтар аз 25 сония ба пушт нигаҳ дорад.
Дар сурати дарёфти ду имтиёзи “ваза-ари”  довари нерусанҷӣ бо дастури “Ваза-ари авасет иппон” ғолибро эълом менамояд.


Гилем (Татами)
Нерусанҷиҳои ҷудо дар рӯи гилеме доир мешавад, ки аз гилемчаҳои ҷудогонаи паҳноияш  1м х 1м ва ё 2м х  1м бо баланди 4 см ташкил шуда аст. Гилем  аз ду бахши гуногунранг иборат буда маркази он чоркунҷаи 8м х 8м ва ё 10м х 10м ранги якхела дорад ва  минтақаи фаол барои нерусанҷӣ мебошад. Дар маркази минтақаи фаол дар масофаи чор метр дур аз ҳамдигар ду хат бо рангҳои кабуд ва сафед кашида шудаанд, ки барои истодани ҷудокорон ҳангоми оғоз ва анҷоми нерусанҷӣ дар назар гирифта шуда аст.



ЛИБОСИ ҶУДОКОР

Либос барои тамрин ва нерусанҷиҳо дар ҷудо – ҷудога ном дошта аз се қисм: ҷелак, шалвор ва камарбанд иборат мебошад. Асосан ҷудога аз пахта омода мешавад ва ҷудокоре, ки якум вориди гилем мешавад ҷудогаи кабуд ва ҷудокори дуюм ҷудогаи сафед  бар тан хоҳанд кард. Остини ҷелак бояд то буғуми даст ва ё 5 см кӯтоҳтар  ва бо бадан 10-15 см фазои озод дошта бошад. Ҳангоми бастани камарбанд қисми чап 20 см бар болои қисми рост қарор бигирад. Паҳноии камарбанд  4-5 см ва  дарозияш он қадар бошад , ки ду бор даври миёни варзишгар бичархад ва пас аз бастан 20-30 см дигар боқӣ бимонад.  Агар ҷудога мутобиқ бо меъёрҳои зикршуда набошад довар метавонад аз ҷудокор иваз кардани либосро талаб намояд.



ДОВАРӢ

Довариии нерусанҷии ҷудоро ҳайати доварон анҷом медиҳанд:

Довари марказӣ
Вазифаҳои довари марказӣ идораи нерусанҷӣ ва арзёбии амалҳои варзишгарон мебошад. Эъломи тасмимҳои умумӣ ва ё ниҳоии ҳайати доварон ба дӯши довари марказӣ аст.

Доварони канорӣ
Агар назари довари канорӣ аз тасмим довари марказӣ дар хусуси баҳогузорӣ  ба амали ҷудокор фарқ дошта бошад, бояд бо истифода аз ҳаракат ва ишораҳои махсус назарашро баён кунад. Доварони канорӣ берун аз минтақаи фаол ва дар кунҷҳои муқобил қарор мегиранд.



Мусобиқаҳои ҷудо:
  • Бозиҳои олимпӣ 
  • Қаҳрамонии ҷаҳон
  • “Мастерс” (устодон)
  • Тоскулоҳи бузург (Grand Slam)
  • Гран-при
  • Қаҳрамонии қоравӣ 
  • Мусобиқоти кушоди қоравӣ