Таърихи ҷудо

Таърихи пайдоиши гуштини ҷудоро ба соли 1882 рост медонанд, зеро дар ин сол ҷавони 21-солаи ҷопонӣ Дзигаро Кано мактаби «Кодокан» ташкил карда буд ва инро оғози пайдоиш ва омузиши  ҷудо меҳисобанд. Дар ин баробар дар сарчашмаҳои таърихӣ дарҷ шудааст, ки асосгузорони гуштини ҷудо дар аввал ба тамрини намуди варзиши ҷиу ҷитсу машғул буданд. Аз ин рў дар аввал ҳаракатҳои ин ду риштаи варзиш ба якдиагар то андозае шабоҳат доштанд.

                                               

Ташкилкунандагони ин риштаи варзиш бисёр кушиданд то намуди варзиши эҷодкардаашон аз ҷониби давлат пазируфта ва баъдан  дар олам паҳн гардонида шавад. Ниҳоятан  соли 1886 ҷудо дар сатҳи давлатӣ дар Ҷопон пазируфта шуд ва  баъдан қобили қабули оламиён гардид. Соли 1889 аввалин мактабҳои омузиши ҷудо дар Аврупо ташкил карда шуд ва соли 1956 дар шаҳри Токио аввалин чемпионати ҷаҳон гузаронида шуд. Соли 1964 бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Токиои давлати Ҷопон баргузор гардид ва ҷопониҳо имкон пайдо намуданд, ки гӯштини ҷудоро шомили бозиҳои олимпӣ намоянд. Ҳаминтавр соли 1964 ҷудо шомили бозиҳои олимпӣ гардид.