Хушнудии ҷудочиён аз ифтитоҳи маҷмааи бузурги варзишӣ

Ҷудочиёни тоҷик ба истифода додани маҷмааи бузурги варзишӣ дар шаҳри Душанберо орзуи деринаи ҳар як варзишгар донистанд.

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар ин замина бо қадрдонӣ аз талошҳои Пешвои миллат иброз дошт:
«Cолҳои тулонӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, орзу мекардем рӯзе дар Тоҷикистон ҳам чунин толорҳои бошукуҳи варзишӣ сохта ба истифода дода шавад»

Ба гуфтаи сармураббии мунтахаби ҷудои кишвар дар толорҳои маҷмааи варзишӣ метавон мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷаҳониро доир кард. Вай бо ишора ба ин, ки чанд муддат аст Федератсияи ҷудои кишвар талош дорад мусобиқаи байналмилалиеро дар ин ришта дар Тоҷикистон доир кунад, афзуд:

«Бо кушода шудани толорҳои бузург дар ин маҷмаи варзишӣ имкони баргузории чунин мусобиқаҳо дар кишвар бештар мешаванд»