Машқҳои дастаҷамъии ҷудокорони ҷавон дар ноҳияи Варзоб

Варзишгарони кишвар дар шароити кунуни ҳам машқҳои худро таҳти шароити хос идома медиҳанд то ҳолати ҷисмонӣ ва руҳонии худро қавӣ нигаҳ доранд.

Минтақаи хушобуҳавои Варзоб дар вазъияти кунуни барои машқҳои варзишии риштаҳои гуногун мувофиқ мебошад.

Ба ҳамин хотир дар яке аз гушаҳои зебои ин минтақа машқҳои дастаҷамъии ҷудочиёни наврасу ҷавон, қи қарор аст шарафи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилмилалӣ ҳимоят кунанд  чанд руз аст ҷараён дорад.

Тамринҳои варзишгарон аз давидан дар фазои зебои табиат оғоз гардида ҷудокорон худро ба машқҳои ҷисмонӣ омода мекунанд.

Шералӣ Бозоров устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ ин варзишгаронро дар машқҳои дастаҷамъӣ мураббигарӣ мекунад ва ба гуфтаи ӯ ҳадафи асосии онҳо - дар ҳолати омода қарор додани варзишгарон ва муаррифи арзандаи кишвар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад.