Машқҳои таълимии ҷудокорони наврас дар ноҳияи Шаҳристон

Беш аз 20 нафар кудакону наврасони ҷудокори ноҳияи Мастчоҳ тайи чаҳор рӯз дар ноҳияи Шаҳристон ба машқҳои таълимӣ фаро гирифта шудаанд. Ин иқдом бо ташаббуси мураббиёни ҷудои ин ноҳия - Фаридун ва Муҳаммадҷовид Умедовҳо бо мақсади баланд бардоштани малакаю маҳорати варзишгарон ва омода намудани онҳо ба мусобиқаҳои дар пешистода роҳандозӣ шуд.

Мураббиёни ҷудои вилояти Суғд тасмим гирифтаанд минбаъд низ ингуна машқҳои дастаҷаъмонаи таълимиро бештар бароҳ монда, малакаю маҳорати варзишгаронро боло бардоранд ва дар рушди ҷудо дар кишвар саҳмгузор бошанд.