Тавсияҳои IJF барои ҷудочиён

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) протокол оид ба барқарор кардани мусобиқотро дар давраи бемории дунёгири COVID-19 нашр кард. Дар асоси ин санад, дар мусобиқаҳои IJF ҳамаи иштирокчиён (варзишгарон, намояндагони расмӣ, мураббиён) бояд қоидаҳои бехетариро ба таври ҳатмӣ риоя кунанд. Аз ҷумла онҳо бояд ҳангоми расидан ба макони баргузории мусобиқа ду намунаи тести COVID-19-ро (тест бояд ҳадди аксар 5 рӯз қабл аз сафар гузаронида шуда бошад) ва маълумотнома оид ба надоштани симптоми ин беморӣ дар муҳлати на кам аз 14 рӯз пешниҳод намоянд. Қоидаҳо то даврае амал мекунанд, ки эмгузаронии сартосарии зидди COVID-19 гузаронида шавад.
Дар нуқтаи ворид шудан ба кишвари мизбон, ҷои истиқомат ва макони баргузории мусобиқот ҳарорати бадан санҷида мешавад. IJF, инчунин менеҷери махсус оид ба COVID-19-ро барои ҳар мусобиқа таъин, кумитаҳои тадорукоти мусобиқот барои назорати иҷрои чораҳои пешбинишуда нафари махсусро масъул мекунанд. Ҳамчунин, дар ҷараёни мусобиқот ба таври ҳатмӣ бояд фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб, ба ғайр аз варзишгароне, ки рӯи татамӣ мебароянд ва дар тамрин ҳастанд, риоя шавад.

Қаблан гуфта шуда буд, ки мусобиқаҳои IJF моҳи сентябр аз сар гирифта хоҳад шуд. То охири сол дар тақвими IJF 5 мусобиқа ба нақша гирифта шудааст, ки наздиктаринаш Гран Прии Загреб (18-20 сентябр) мебошад, вале маълум аст, ки ин мусобиқа бо сабаби кушода нашудани сарҳадҳо баргузор намешавад. Сипас, 2-4 октябр Гран Прии Тошканд бояд доир гардад, аммо ташкилкунандагон барои қабули варзишгарон аз тамоми ҷаҳон ҳоло омодагиашонро изҳор надоштаанд. Пас аз ин Гранд Слами Бразил бояд сурат гирад, ки ин кишвар низ бо сабаби минтақаи хатарнок будан, наметавонад мусобиқаро гузаронад. Хулоса мусобиқаҳои ҷудо кай аз сар гирифта мешавад, номаълум боқӣ мемонад.