Комроншоҳ дар мусобиқаи ситораҳои "Мастерс" 5-ум шуд

Дар мусобиқаи Ситораҳои “Мастерс”-и Синдаои Чин аз миёни чор намояндагони кишвари мо Комроншоҳ Устопириён ягона варзишгари тоҷик буд, ки натиҷаи беҳтар нишон дод. Ин паҳлавони шинохтаи тоҷик дар даври аввали мусобиқаи мазкур озод буд. Ӯ рақобатро аз даври дуюм бар муқобили ҷудочии бразилӣ – Рафаэл Маркедо баргузор кард. Дар ин майдондорӣ паҳлавони тоҷик пирӯз шуда, ба даври сеюм роҳ ёфт, ки ӯро Абдураҳмон Бенамадии алҷазоирӣ (қаҳрамони феълии Африқо оид ба ҷудо) интизор буд. Дар ин давр низ Устопириён аз худ маҳорати баланд нишон дода, рақибашро дучори нокомӣ намуд. Дар даври ¼ ниҳоӣ Комроншоҳ аз рақиби сарсахти хеш Микаил Озерлери турк шикаст хурд. Комроншоҳ набардро дар даври тасаллобахш бар муқобили Сансиро Мураои ҷопонӣ бо пирӯзӣ ҷамъбаст кард. Акнун Комроншоҳи Устопириён рақобатро барои соҳи шудани медали биринҷии ин мусобиқаи муҳташами ҷаҳонӣ бар зидди Неманя Майдови сербиягӣ баргузор кард. Дар ин набарди тақдирсоз Комроншоҳ рақиби сербиягиаш мағлуб шуда, зинаи 5-умро ишғол кард. Хотиррасон мекунем, ки ин аз ҳама натиҷаи беҳтарини ҷудочиёни тоҷик дар мусобиқаи ситораҳои “Мастерс” ба ҳисоб меравад.