Ҳайати роҳбарикунандаи Федератсияи Ҷудо аз нав интихоб гардид

Дар шаҳри Душанбе  конференсияи  ғайринавбатии   ҳисоботию интихоботии ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи гӯштини  ҷудои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.  

Дар   конференсия   аъзоёни федератсияю  кумитаи иҷроия ширкат намуда, аз рӯйи масъалаҳои   муайянгардида   гуфтушунид анҷом дода, дар баробари ин қарорҳои дахлдорро низ    қабул карданд. 

Аз рӯйи масъалаи якуми маҷлис  ноиби Президенти федератсияи ҷудо Парвиз Нориён   баромад намуда, оид ба фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи ҷудои ҶТ барои даври  солҳои 2017-2020  ҳисобот доданд.
Зимни маърӯзаи худ Парвиз Нориён зикр намуд, ки  яке аз барномаҳои муҳими федератсия ин  лоиҳаи ҷудо дар мактаб мебошад. Дар доираи ин лоиҳа   мактабҳои ноҳияҳои дурдасти   кишвар бо татами ва либосҳои варзишӣ таъмин шуданд. Ин имкон дод, ки  дар ҳар як ноҳия  дасти кам 50 наврас машғули ин навъи варзиш гардад.  

Аз рӯйи  масъалаи 3-юм   аъзоёни федератсия ва кумитаи иҷроия   дар ҳузури  намояндагони Кумитаи миллии олимпӣ  ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҲҶТ  якдилона  ба мансаби   Президенти  Ташкилоти  ҷамъиятии Федератсияи  ҷудои ҶТ   Нурулло Лоиқов интихоб  карда шуд. 

Ҳамчунин  дар раванди ҷаласа,  ноиби якум, ноибон,  котиби генералӣ,  директори генералӣ, раиси доварон ва Раиси  комиссияи тафтишотӣ интихоб шуданд.  Дар фарҷоми   конференсия   ҳозирин маъалаҳои ҷориро баррасӣ намуданд.