Гранд Слэми Венгрия-2020 бе иштироки паҳлавонони тоҷик

Рӯзҳои 23-25-уми октябр   дар пойтахти Венгрия - шаҳри Будапешт мусобиқаи байналмилалии ҷудо – Гранд Слэм Венгрия баргузор мешавад.
 
Қаблан иттиллоъ дода будем, ки дар ин чорабинӣ Тоҷикистонро ду варзишгар - Комроншоҳи Устопириён (-90kg) ва Сомон Маҳмадбеков(-73kg) намояндагӣ мекунанд.
 
Вале бо сабаби лағви парвозҳои ҳавоӣ Комроншоҳи Устопириён натавонист то ба макони баргузории мусобиқа сафар кунад.

Инчунин бинобар сабаби ошкор шудани бемории COVID-19  дар мураббии Сомон Маҳмадбеков ба ӯ низ иҷозат дода нашуд, то дар мусобиқа иштирок кунад. Ҳамин тавр аввалин мусобиқа оид ба ҷудо баъд аз эҳёи рақобатҳо дар риштаи ҷудо бе иштироки паҳлавонон аз Тоҷикистон сурат мегирад.

Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар Гранд Слэми Венгрия 459 варзишгар аз 69 давлат барои дарёфти роҳхати олимпӣ талош меварзанд.