28-уми Октябр - Рӯзи ҷаҳонии ҷудо!

Ҷудо варзиши муқарарӣ нест, балки як барномаи мукаммали омӯзишист. Бо машғул шудан ба он  инсон худро дар самти матонату далерӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба фарҳангу анъана ва дигар муҳимтарин сифатҳои инсонӣ такмилу тарбия мекунад.  Федератсияи байналмилалии Ҷудо бо пеш аз 200 кишвари сайёра, аз ҷумала Тоҷикистон низ робитаи зиҷи ҳамкорӣ дорад ва ҳамасола шумораи дӯстдорони ин навъи варзиш дар ҷаҳон меафзояд.  Сар аз соли 2011 санаи 28-уми октябр ҳамчун рӯзи ҷаҳонии ҷудо таҷлил карда мешавад. Тоҷикистон низ аз зумраи кишварҳое маҳсуб мешавад, ки ҷудоро як ҷузъи ҷудонопазири соҳаи варзиш интихоб кардааст.

Ҳарчанд варзиши ҷудо таърихи бою рангин дорад, аммо таҷлил аз рӯзи ҷаҳонии барои ҷомеаи варзишдӯсти кишварҳои ҷаҳон ҷашни нав аст, зеро ин сана давоми 9 соли охир аст, ки ҳамасола рӯзи 28-уми октябр таҷлил карда мешавад. Саволе ба миён меояд, ки ҷаро маҳз рӯзи 28-уми октябро ба ҷудо рабт додаанд? Ин сана ба рӯзи таваллуди шахсияти барҷастаи варзиш, нафаре, ки дар замони хеш аввалин мактаби ҷудоро таъсис додааст. Устоди бузурги санъати муҳориба - Дзигоро Кано маҳсуб мешавад, ки дар ҳамин рӯз соли 1860 чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ин шахсити шинохта асосгузори ҷудо маҳсуб меёбад.
Рӯзи ҷаҳонии ҷудо боз як омили дигари тарғиби варзиш ва ҷалби насли нав ба ин намуд дониста мешавад. Тавре гуфта мешавад, то аввали соли 2020 дар тамоми ҷаҳон беш аз 28 миллион инсон ба ҷудо машғул аст. Ин барои мураббиёну варзишгарон ва онҳое, ки ба ҷудо ҷиддӣ муносибат мекунанд, ҷашни ҳақиқии ҷудо маҳсуб меёбад.  Ҳар яке ба таври худ ин санара таҷлил мекунад.   Солҳои охир дар тантатавӣ истиқбол гирифтани ин сана кишварҳои дигар аз ҳамтоёни ҷопонии худ ақиб намемонанд, ки бо роҳандозии мусобиқа, дарсҳои омӯзишӣ, табодули таҷриба, семенару конфронсҳо ташкил карда мешавад.

Бо такя ба омор ва назарпурсиҳо муқаррар шудааст, ки ин навъи гӯштин - ДЗЮДО дар миёни варзишҳои паҳлавонӣ дар кишвари мо маъруфу машҳуртар мебошад. Чаро ки гӯштини дзюдо ба иқрори коршиносон унсурҳои зиёдеро аз гӯштини миллии тоҷикӣ вом гирифтааст.

Мардуми варзишпарвари тоҷик бо эътино ба ҳамин воқеъият ба ин намуди варзиши ҷопонӣ ҳамчун ба моли худ арҷ мегузоранд ва дӯсташ медоранд. Дар ибтидо мардуми пасоншуравӣ дар баробари гӯштини аҷдодии худ, ба самбо майли бештар доштанд, аммо ҷудо бо фалсафаи бузургу фарҳанги бою ғанӣ ва шахсиатпарастии худ зуд дар дили тоҷикон ҷой ёфт. Мактабҳои гӯштини ҷудо таъсис ёфтанду роғибонаш низ бештар шуд. Омили асосии гаравидани мардуми ҷаҳон ба ин намудро олимон дар натанҳо як варзиш будани ӯ медонанд, балки дар вуҷуди ҷудо як мактаби бузурги мардонагӣ, ҷасорат, санъати баланди ҳунару истеъдод ва арҷгузорӣ ва эҳтиром ва шахсиятсозӣ маъруфу машҳури ҳамгаон гардид. Маҳз ин омилҳо боис барон шуд, ки ҷудо сарҳади ҷопонро убур карду имрӯзҳо дар 200 давлати дунё омӯзиши онро ба роҳ мондаанд.
 
Ҷудо барои мардуми тоҷик аз ибтидо қариб, ки моли бегона набуд, зеро он ба гӯштини миллии тоҷикӣ пайвандии зиёд дорад. Ҳамин буд, ки аз замони пайдоишаш дар Тоҷикистон зуд дар дили дӯстдорони намудҳои гӯштин ҷойгоҳи худро пайдо намуд.  Варзишгарони мо низ натанҳо дар мусобиқаҳои дохилӣ, балки дар сабқатҳои осиёию байналмилалӣ ширкат намуданро оғоз карданд. Тоҷикистон низ ба зуди мизбонии баргузории як қатор мусобиқаҳоми минтақиро ба уҳда гирифт, ки ин омилҳо барои такон додани варзиши ҷудо дар кишвар нақши муҳим гузошт. Аввалин кашвиятҳои мактабҳои ҷудои тоҷик низ ба натиҷаҳо нишон додан оғоз намуданд.


Аз миёни онҳое, ки дар кишвар ва берун аз он ном баровардан, ин оилаи Боқиевҳо буд, ки бардарон, Алишер, Рустам ва Расул дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, муарифгари ҷудои тоҷик гаштанд. Натиҷаҳои Расул БОҚИЕВ дар миёни ҷудокорони кишвар назаррас аст, ки ӯ дар вазни 73 кг  барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Пекин-2008 гардид.


Нишондоди паҳлавони дигари номдор Комроншоҳи УСТОПИРИЁН низ назаррас мебошад, ки ӯ ду маротиба қаҳрамони вазни 90 кг Осиё гардид. Насли нави ҷудокорони кишварро зарур аст, ки барои расидан ба дастоварҳои боз ҳам баландтар муборизаи беамон баранд ва ҷуноне, ки   Сомон МАҲМАДБЕКОВ дар Чемпионати Ҷаҳон байни ҷавонон ба дарёфти нишони тилло ва унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.

Имрӯзҳо барои рушди ҷудо ва боз ҳам омавӣ сохтани ҷудо дар кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Барномаи «Ҷудо дар мактабҳо» яке аз аввалин барномаҳои муҳиму зарурии Федератсияи миллии ҷудои ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, ки барои дастгирӣ ва фароҳам сохтани шароити мусоид барои машғул шудан ба ин намуди гӯшин равона шудааст. Дар замони соҳистиқлолӣ баргузории дилхоҳ мусобиқаҳои байналмилалиро бидуни паҳлавонони тоҷик тасаввур кардан ғайри имкон аст.

Мухлисон низ аз аъзоёни тими миллӣ танҳо ғалабаҳоро интизоранду бо иҷрои беҳтарин усулҳо аз бойгонии ғании мактаби ҷудо  имрӯз метавон дар дилу дидаҳои мардум ҷойгоҳ пайдо кард. Зеро ҷудо ин санъати зебои муҳориба аст, муҳориба бидуни силоҳ, муҳорибаи асъоромези дорои фарҳанг ва фалсафаи ғанӣ, муборизаи як мактаб, аммо ҳар кас ба таври худ такмилшуда.

Рӯзи ҷаҳонии ҷудо муборак, ҳамватанони азиз!