Қаҳрамонони Тоҷикистон миёни ҷавонон муайян гардиданд

Ноҳияи Ҷаббор Расулов дар вилояти Суғд чанд рӯз макони нерусанҷиҳои паҳлавонони ҷавони кишвар гардид. 

Дар ин макон мусобиқаи ҷумҳуривӣ оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонони солҳои таваллудашон 2000 то 2002 баргузор шуд. Нӯҳ даста аз саросари кишвар аз ҷумла дастаҳои Душанбе 1 ва Душанбе 2, Хатлон 1 ва Хатлон 2, Суғд 1 ва Суғд 2, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва ноҳияи Рашт барои унвони қаҳрамони Тоҷикистон миёни ҷавонони таваллудашон 2000-2002 талош карданд. 

Ба таври умумӣ дар ин мусобиқа 135 ҷудокори ояндадор иштирок доштанд, ки дар ҳафт вазн байни ҳам рақобат карданд. Ҳамин тавр дар финали вазни 60 кг Шаҳбоз Саидаброров ва Мелибойзода Фирӯз аз шаҳри Душанбе неру санҷида Шаҳбоз соҳиби медали тилло шуд. Дар зинаи сеюм варзишгарони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ Сарвар Абдушукуров ва Аҳмад Аюбов қарор гирифтанд. Дар финали вазни 66 кг ҳам Эмомалии Нуралӣ тавонист Абубакр Шеровро мағлуб намуда дар зинаҳои сеюми ифтихорӣ Фарух Ҳалимов ва Худобахш Сулаймонов қарор гирифтанд. Дар вазни 73 кг бошад дар финал боз ду варзишгари Душанбе бо ҳам неру санҷида Муҳаммад Саъдуллоев тавонист Курбоналӣ Бозоровро мағлуб намояд.  

Танҳо вазне, ки дар он ҷудокорони шаҳри Душанбе натавонистанд тилло ба даст оваранд вазни 81 кг буд. Умар Расулов аз ноҳияҳои тобеи марказ Аминҷон Сафаров аз шаҳри Душанберо шикаст дода чемпиони кишвар шуд. Аммо дар финали вазни 90 кг боз ҳам варзишгарони шаҳри Душанбе ба ҳам омаданд. Раҳаматуло Мирзоев тавонист Фаридун Холиқовро мағлуб намуда соҳиби медали тилло гардад. 

Рақобатҳои шадид ва пурбаҳс дар вазни сад килограмм сурат гирифт. Аз ҷумла нерусанҷии Мансур Раҳом ва Абубакри Акобир дар даври нимниҳоӣ пуршиддат ва баҳсбарангез гардид аммо дар ниҳоят ғолибият насиби Абубакр шуд, ки дар финали ин вазн ба осонӣ Фарзин Ҳусайнов аз вилояти Суғдро шикаст дода чемпиони Тоҷикистон шуд. Ниҳоятан дар вазни +100 кг ҳам Бобоҷон Бобоев ва Иброҳим Элмуродов барои унвони қаҳрамонӣ талош карда Бобоҷон соҳиби ин унвон гардид.

Ҳамин тавр чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо миёни ҷавонони таваллудашон 2000-2002 ба анҷом расида ҷудокорони шаҳри Душанбе аз ҳафт медали тилло шаштояшро ба худ ихтсос дода дар маҷмӯъ бо 19 медал ба Душанбе баргаштанд.