Беҳтарин дастаи кишвар миёни ҷавонон муайян шуд

Мусобиқаи ҷумҳуриявии ҷудо миёни ҷавонони солҳои таваллудашон 2000 то 2002-юм ба ғайр аз рақобатҳои инфиродии ҷудокорони саросари кишвар боз як паҳлуи дигар ҳам дошт, ки қобили таваҷҷуҳи махсус буд.

Ин ҳам нерусанҷиҳои даставии ҷудо, ки дар 29 соли гузашта камназир мебошад. Дар рӯзҳои охири мусобиқа аз миёни ҷудокорон чор даста ташкил шуда байни ҳам неру санҷиданд. пас аз рақобатҳои шадид ҷудокорони ҷавон аз дастаи шаҳри Душанбе дар финали нерусанҷии даставӣ бо тими мизбони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ - дастаи Ҷаббор Расулов қувваозмоӣ карданд. 

Зимнан ҳар кадом даста шомили шаш варзишгари ҷавон буда ба тартиб ба майдон мебаромаданду нерусанҷиҳои ҷолибу дидани анҷом медоданд. Яке аз усулҳои диданитарин дар охирин рақобат сурта гирифта буд, ки дар он варзишгари шаҳри Душанбе тавонист ҳарифаш аз ноҳия Ҷаббор Расуловро ба тахтаи пушт бизанад ва ғолибият ба даст оварад. Ҳамин тавр дар маҷмуъ дастаи Душанбе бо ҳисоби 5 бар 1 тими ноҳияи Ҷаббор Расуловро шикаст дода аз назари даставӣ дар зинаи якум қарор гирифтанд ва  мизбонон ба зинаи дуюм иктифо карданд.

Дар зинаҳои сеюми ифтихорӣ бошад, дастаи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва низ дастаи ноҳияи Рашт қарор гирифтанд.

Ҳамаи иштирокчиён аз сӯи масъулони мусобиқа ва ҳамчунин шахсиятҳои маъруфи арсаи ҷудо медалу ифтихорномаҳои худро дарёфт карданд. 
Нафарони бартари мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба мунтахаби ҷавонони кишвар пайваст хоҳанд шуда мехоҳанд номбардори ватан бошанд.