Изҳороти расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо

Баргузории ҳамаи силсиламусобиқаҳои ҷудои ҷаҳонӣ дар соли ҷорӣ бо сабаби бемории дунёгири Ковид-19 ба таъхир гузошта шуданд, хабар медиҳад сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF).

"Пас аз бозгашти бомуваффақият ба мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Маҷористон дар охири моҳи октябр, IJF умедвор буд, ки ҳадди аққал боз як чорабинии ҷаҳонии ҷудо то охири сол, яъне Гран-прии Загреб ташкил карда шавад, аммо мутаассифона, бӯҳрони ҷаҳонии тандурустӣ дар аксар минтақаҳои ҷаҳон шиддат мегирад. Дар чунин шароит IJF ба хулосае омад, ки дар соли ҷорӣ ягон силсилачорабинии ҷаҳониро баргузор накунад", - гуфта мешавад дар изҳорот.
"Федератсияи байналмилалии ҷудо акнун диққати худро ба оғози мусобиқаи соли 2021, яъне Qatar Masters, ки дар он беҳтарин варзишгарони ҷаҳон барои дарёфти роҳхатҳои олимпӣ мубориза мебаранд, хоҳад дод",
 - омадааст дар сомонаи IJF.