Натиҷаи қуръакашии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо байни калонсолон

Шоми имрӯз, 29-уми январ дар Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш» маросими қуръакашии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо баргузор шуд.



Дар шакли PDF


Рақобатҳои марҳилаи муқаддамотӣ ва финалии мусобиқа рӯзҳои 30-31-уми январ шуруъ аз соати 10:00 мустақиман аз толори "Манеж"-и шаҳри Душанбе, тавассути шабакаи телевизионии «Варзиш», ва YouTube-канали «VarzishTV» манзури тамошобинон мегардад.

Дар рӯзи якуми мусобиқа вазнҳои -60КГ, -66КГ ва -73КГ рӯи татами мебароянд. Рӯзи дуюм - 81КГ, -90 КГ, -100 КГ, +100КГ.