Натиҷагирӣ аз фаъолияти Федератсия дар соли 2019

Федератсияи ҷудои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2004 бо  мақсади   мустаҳкам гардонидани саломатӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани нақши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инкишофи ҳаракати гӯштини ҷудо  дар ҷумҳурӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Тӯли 15 соли  фаъолият варзишгарони ин ришта  ба гирифтани ҷоизаҳои зиёд даст ёфтаанд.  Дар соли ҷорӣ низ ҷудочиёни кишвар тавонистанд, саҳифаи навро дар таърихи варзиши ҷумҳурӣ боз кунанд. 
Федератсия ҷудои  Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Федератсияи Дзюдои Байналмилал ва Осиё мебошад.  Ин аст, ки пайваста дар мусобиқаҳое, ки  дар чорчӯбаи ин созмон доир мешавад, варзишгарони кишвар фаъолона ширкат варзида, борҳо   парчами   миллии кишварро баланд бардоштаанд. 
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон аз соли 2013 инҷониб бо ташаббуси  ин созмон дар  сатҳи баланд баргузор мешавад. Имсол беш аз 200 нафар варзишгарон аз ҷумҳуриҳои минтақа  дар ин мусобиқа ҳунарнамоӣ намуданд. Мусобиқоти мазкур ба мисли якчанд чорабиниҳои  байналмилалии дигар дар мамлакати меҳмоннавози мо варзишгарон ва паҳлавонони кишварҳои хориҷро ба ҳам оварда, барои муаррифии миллат ва фарҳанги тоҷик нақши сазовор гузошт.  Иштирок дар Ҷоми Президент оид ба ҷудо барои паҳлавонони тоҷик як санҷиши ҳунару маҳорат   бо ҳамтоёни хориҷии худ ба ҳисоб рафта, пайваста кӯшиш менамоянд, то аксари мақомҳои ифтихории маъракаи мазкурро касб намоянд.

Дар соли 2019 варзишгарони риштаи мазкур дар мусобиқаҳои категорияҳои Гран-При, Гранд-Слам Ҷоми кушоди Осиё, Чемпионати Осиё ва ҷаҳон иштирок карда,  ба гирифтани  ҷойҳои намоён мушарраф гаштаанд. Намоёнтарини он унвони қаҳрамонии Сомон Маҳмадбеков   дар Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон ба ҳисоб меравад, ки дар  таърихи   мамлакат бесобиқа унвон мешавад. Миёни калонсолон соли равон аввалин маротиба дар таърих ба мусобиқоти ниҳоии сол байни ситорагони дзюдои сайёра Мастерс роҳ ёфтани якбора 4 паҳавони тоҷикро мебоист қайд кард. Мақоми панҷуми Комроншоҳи Устопириён дар ин майдондориҳои беҳтаринҳои беҳтаринҳо беҳтарин дастовард низ ҳисобида мешавад. Ғаниҷон Ғаниев низ дар ин сол бо ба даст овардани унвони Қаҳрамони Осиё тавонист натиҷаи нотакрори  ҷудочиёни  меҳанро миёни наврасон ба номи худ сабт намояд.

Миёни тамоми намудҳои варзиши олимпӣ ҷудокорони тоҷик беҳтарин ва аз ҷиҳати шумора низ зиёдтарин роҳхатҳоро метавонанд ба даст оранд. Айни замон  дар радабандии олимпии ҷудо натиҷаи аз ҳама баландро  Сомон Маҳмадбеков дорад. Сомон дар ҷои 18-уми вазни -73кг-и радабандии ҷаҳонӣ ва дар зинаи 13-уми радабандии олимпӣ  мавқеъ дорад.  Беҳрӯз Хоҷазода бошад, дар зинаи 20-уми радабандии ҷаҳонӣ ва зинаи 19-уми радабандии олимпии ҳамин вазн қарор гирифтааст. Комроншоҳ Устопириён, соли ҷориро дар зинаи 22-юми радабандии олимпӣ ва  зинаи 19 радабандии ҷаҳонӣ  ҷамъбаст менамояд. Ҷудочии дигари тоҷик Темур Раҳимов бошад, дар вазни +100 килои радабандии олимпӣ дар ҷои 22-юм мавқеъ дорад. Дар радабандии ҷаҳон дар зинаи   26-ум иктифо намудааст.

Варзишгарони риштаи мазкур аз мусобиқаҳои байналмилалӣ, қоравӣ ва  ҷаҳонӣ дар маҷмуъ 25 медал ба даст овардаанд, ки аз ин 4 тоашро тилло, 8 тоашро  нуқра ва 13 тои дигарашро нишонҳои биринҷӣ ташкил медиҳанд.