Натиҷаҳои рӯзи аввали мусобиқаи ҷумҳуриявӣ-2021

Дар толори Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб (“Манеж”) рӯзи 30-юми январ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо байни калонсолон оғоз шуд.

Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Федератсияи ҷудои мамлакат дар ҳамдастӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ҳадаф аз он муайян кардани мавқеи паҳлавонон дар радабандии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аст. Ин имкон медиҳад то ҳангоми сафарбарии онҳо ба мусобиқаҳои байналмилалӣ мураббиён чеҳраҳои беҳтаринро бе мушкилӣ интихоб намоянд.

Дар рӯзи якуми қувваозмоиҳо ҷудокорони вазнҳои -60кг, -66кг ва -73кг, рӯи татами баромаданд. Бо сабаби зиёд будани шумораи иштирокчиён, рақобатҳо аз муддати ба нақшагирифташуда зиёдтар тӯл кашид. Новобаста аз ин вохӯриҳо бисёр ҷолибу диданӣ буд.

Баъд аз ҷамъбасти рақобатҳои рӯзи якум, ғолибону ҷоизадорон ба таври зайл маълум шуданд:

-60KG (42 ҷудокор)
1. Муҳаммадризо ҚУВВАТОВ
2. Фирӯз МЕЛИБОЙЗОДА
3. Сарвар АБДУШУКУРОВ
3. Аминҷон ХОЛОВ
 
-66KG (65 ҷудокор)
1. Ёқубҷон БОҚИЕВ
2. Баҳром СУФИЕВ
3. Алиҷон САФАРАЛИЕВ
3. Шаҳбоз САИДАБРОРОВ
 
-73KG (67 ҷудокор)
1. Разиавлоҳ ЛОИҚОВ 
2. Иброҳим САИДАКБАРОВ 
3. Муҳаммадиқбол ТОШЕВ
3. Алӣ БОҚИЕВ

Фардо, 31-уми январ вазнҳои -81, -90, -100 ва +100 қувваозмоӣ мекунанд.