Ҳайати ҷудочиёни тоҷик барои иштирок дар Tel Aviv Grand Slam

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии Tel Aviv Grand Slam, ки рӯзҳои 18-20-уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Тел-Авиви Исроил доир мегардад, муайян шуд:

-73кг   Беҳрӯзи ҲОҶАЗОДА
-73кг   Сомон МАҲМАДБЕКОВ
-81кг   Акмал МУРОДОВ
-90кг   Комроншоҳ УСТОПИРИЁН
+100кг Темур РАҲИМОВ
+100кг Шакармамад МИРМАМАДОВ
 
Маврид ба ёдоварист, ки шуруъ аз имсол нуфузи мусобиқаи мазкур дар муқоиса бо солҳои қаблӣ афзуда, он аз Гран-при ба Гранд Слэм тағйир ёфт, акнун варзишгарон барои иштироки бомуваффақи худ имтиёзҳои бештар ба даст меоранд.
 
Дар ин мусобиқаи бонуфуз иштироки 459 варзишгар аз 69 давлат дар назар аст.