Федератсияи ҷудои Тоҷикистон беҳтарин “Федератсияи миллии рӯ ба рушд”

Рӯзи 24 декабр дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе  маросими   ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2019 баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини Сарвазири ҶТ ҳамчунин Раиси шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Азим Иброҳим муовини раиси шаҳри Душанбе Муавсума муини ва дигар намояндагони вазорату идораҳо ва варзишгарони кишвар иштирок намуданд.
Дар асоси Комиссияи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар соли 2019 аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 42 нафар варзишгарони муваффақи кишвар ва мураббиёни онҳо бо маблағи 911 250 сомони маблағи молиявӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар номинаи “Федератсияи миллии рӯ ба рушд” дар соли 2019 Федератсияи миллии ҷудои Тоҷикистон ғолиб эълон гардид. Дар соли 2019 варзишгарони риштаи мазкур дар мусобиқаҳои категорияҳои Гран-При, Гранд-Слам, Ҷоми кушоди Осиё, Чемпионати Осиё ва ҷаҳон иштирок карда, бо гирифтани ҷойҳои намоён мушарраф гаштаанд. Намоёнтарини он унвони қаҳрамонии Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон ба ҳисоб меравад, ки дар таърихи мамлакат бесобиқа унвон мешавад. Миёни калонсолон соли равон аввалин маротиба дар таърих ба мусобиқоти ниҳоии сол байни ситорагони ҷудои сайёра “Мастерс” роҳ ёфтани якбора 4 паҳавони тоҷикро мебоист қайд кард. Мақоми панҷуми Комроншоҳи Устопириён дар ин майдондориҳои беҳтаринҳои беҳтаринҳо беҳтарин дастовард низ ҳисобида мешавад. Ғаниҷон Ғаниев низ дар ин сол бо ба даст овардани унвони қаҳрамони Осиё тавонист натиҷаи нотакрори ҷудочиёни меҳанро миёни наврасон ба номи худ сабт намояд.

Нуқтаи аз ҳама баланди варзишӣ ин иштирок дар Бозиҳои олимпӣ ва   соҳиб шудани ҷоизаи олимпӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ ҳама талошҳои гуштингирон маҳз барои холҳои олимпӣ ва пайдо кардани ҳаққи ширкат дар Олимпиада мебошад. Бо дарназардошти дастовардҳои шоён варзишгарони мо тавонистанд мавқеи худро дар раддабандии ҷаҳонии ҷудо беҳтар намоянд.

Миёни тамоми намудҳои варзиши олимпӣ ҷудокорони тоҷик беҳтарин ва аз ҷиҳати шумора низ зиёдтарин шонси ба даст овардани роҳхатҳоро доранд. Айни замон дар радабандии олимпии ҷудо натиҷаи аз ҳама баландро Сомон Маҳмадбеков дорад. Сомон дар ҷои 18-уми вазни -73кг-и радабандии ҷаҳонӣ ва дар зинаи 13уми радабандии олимпӣ мавқеъ дорад. Беҳрӯз Хоҷазода бошад, дар зинаи 20-уми радабандии ҷаҳонӣ ва зинаи 19-уми радабандии олимпии ҳамин вазн қарор гирифтааст. Комроншоҳ Устопириён, соли ҷориро дар зинаи 22-юми радабандии олимпӣ ва зинаи 19 радабандии ҷаҳонӣ ҷамъбаст менамояд. Ҷудочии дигари тоҷик Темур Раҳимов бошад, дар вазни +100кг радабандии олимпӣ дар ҷои 22-юм мавқеъ дорад. Дар радабандии ҷаҳон дар зинаи 26-ум иктифо намудааст.

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон яке аз   федератсияҳои фаъоли кишвар дониста мешавад. Варзишгарони риштаи мазкур аз мусобиқаҳои байналмилалӣ, қоравӣ ва ҷаҳонӣ дар маҷмуъ 25 медал ба даст овардаанд, ки аз ин 4 тоашро тилло, 8 тоашро нуқра ва 13 тои дигарашро нишонҳои биринҷӣ ташкил медиҳанд. Тайи солҳои охир миёни Федератсияи ҷудои кишвар ва Федератсияи ҷаҳонии ҷудои барои густариш бахшидани ҳамкориҳои мутақобила судманд иқдомҳои зиёде рӯи даст гирифта шуд.

Аз ҷумла моҳи июли соли ҷорӣ Федератсияи байналмилалии ҷудо Қарордоди ҳамкориро оид ба татбиқи Барномаи ҷудо дар мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии 10 МТМУ-и шаҳру ноҳияҳои кишварро ба имзо расонида буд. Тибқи нақша барномаи мазкур дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Ваҳдат, Данғара, Истаравшан, ноҳияҳои Муминобод, Кӯшониён, Ванҷ ва Рӯшон амалӣ мегардад. Зимни татбиқи лоиҳаи мазкур ҳар як мактаб бо татамиҳои варзишӣ ва шумораи муайяни либосҳои варзишии ҷудо таъмин карда хоҳанд шуд.
Барои рушди ин намуди варзиш дар Тоҷикистон Федератсияи ҷаҳонӣ 500 ҳазор доллари амрикоӣ ихтисос додааст. Ин маблағҳо барои бунёди зербинои зарурӣ, фароҳам овардани шароити машқу тамрини варзишгарон, иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ғайра ихтисос дода хоҳанд шуд.