Ширкати 14 ҷудочии кишвар дар Tashkent Grand Slam 2021

Аз 5 то 7 марти соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқаи «Tashkent Grand Slam» доир мегардад, ки дар он 14 ҷудочии кишвар ширкат меварзад. Беҳрӯз ХОҶАЗОДА (-73кг) бинобар сабаби осеб доштанаш, дар мусобиқаи мазкур иштирок нахоҳад кард.


Вазн:Иштирокчиён:
-60kgАбумуслим ҚАЮМЗОДА
-60kg
Шаҳбоз САИДАБУРОРОВ
-63kgШоҳида ҚАЛАНДАРОВА
-66kg
Алиҷон САФАРАЛИЕВ
-66kg
Баҳром СУФИЕВ
-73kg
Сомон МАҲМАДБЕКОВ
-81kg
Акмал МУРОДОВ
-81kg
Ҳақназар НАЗАРОВ
-90kg
Амирҷони НАСИМҶОН
-90kgКомроншоҳ УСТОПИРИЁН
-100kgСаидҷалол САИДОВ
-100kg
Мансур РАҲМОН
+100kg
Темур РАҲИМОВ
+100kgШакармамад МИРМАМАДОВ

Рӯзи аввали мусобиқа – 5-уми март – қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60кг, -66кг миёни мардон ва -48кг, -52кг, -57кг миёни занон баргузор мешавад.

Рӯзи дуюм – 6-уми март - ҷудочиёни вазнҳои -73кг, -81кг миёни мардон ва -63кг, -70кг миёни бонувон рақобат хоҳанд кард.

Мусобиқа 7-уми март бо қувваозмоиҳои вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг миёни мардон ва -78кг, +78кг миёни бонувон ба поён мерасад.

Ҷудокорони мусобиқа имкони касби имтиёзҳои олимпӣ доранд. Барои мақоми аввал - 1000 имтиёз, дуюм - 700 имтиёз ва сеюм - 500 имтиёз дода мешавад.
Инчунин беҳтаринҳои мусобиқа бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз гардонида мешаванд. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, ҷойи дуюм - 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ тақдим карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки Баҳром СУФИЕВ – Чемпиони Тоҷикистон дар соли 2020 бори аввал дар мусобиқаи сатҳаш байналмилалӣ иштирок мекунад.

Иштироки 541 варзишгар аз 75 давлат дар назар аст.