Натиҷаҳои рӯзи аввали мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни наврасон

Имрӯз, дар толори варзишии «Муассисаи давлатии маркази тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб»-и (Манеж) шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасони солҳои таваллудашон 2004-2006 баргузор гардид.

Дар рӯзи якуми мусобиқа ҷудочиёни вазнҳои 50, -55 ва -60кг рақобат карданд.

Дар натиҷаи қувваозмоиҳо ғолибон ва ҷоизадорони муайян гардиданд.

-50кг (46 ҷудочӣ)
1. Ҷурахон АМИРХОНЗОДА (Хатлон-1) 
2. Эҳсон САФАРЗОДА (Душанбе)
3. Ҷуъмахон АЗИМОВ ("Мактаб-интернати тамоюли варзишӣ", ш.Душанбе)
3. Раҷабалӣ МИРВАЛИЗОДА (ш.Душанбе)

-55кг (48 ҷудочӣ)
1. Абдулло КУКАНШОЕВ (бошгоҳи «Ҳоҷӣ Шариф», ш.Душанбе)
2. Комил ҲАИТОВ (ШНТМ)
3. Дилшоди ХӮҶАБОЙ (н.Варзоб)
3. Дилшод МИСОҚОВ (Душанбе)

-60кг (40 ҷудочӣ)
1. Бобоҷони МУХТАДИР (Душанбе)
2. Самир МУҲАББАТОВ (бошгоҳи "Вастан", н.Дарвоз)
3. Орифи АБДУЛЛО (Хатлон-2)
3. Муҳиддин АСАДУЛЛОЕВ (Душанбе-2)

Фардо, 28-уми феврал, мусобиқа бо рақобатҳои ҷудокорони вазнҳои -66, -73, -81, -90, +90кг ба поён мерасад.