Ширкати ду ҷудочии кишвар дар Мусобиқаи кушоди Осиё

Дар Мусобиқаи кушоди Осиё (Aktau Asian Open 2021), ки рӯзҳои 13-14-уми март дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор мешавад, кишвари моро ду ҷудочӣ намояндагӣ хоҳанд кард.

Амриддин ШАРИФОВ дар вазни -66кг бори аввал Тоҷикистонро дар мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад. Дар вазни -81кг бошад, Хушвақт ИДИЕВ рӯи татами мебарояд.

Рӯзи аввали мусобиқа – 13-уми март - миёни мардон вазнҳои -60kg, -66kg, -73kg, миёни бонувон  -48kg, -52kg, -57kg, -63kg қувваозмоӣ мекунанд.

Рӯзи охир – 14-уми март - ҷудочиёни вазнҳои -81kg, -90kg, -100kg, +100 kg - миёни мардон ва -70kg, -78kg, +78kg - миёни бонувон нерӯсанҷӣ хоҳанд кард.

Давраҳои муқаддамотӣ  - шуруъ аз соати 10:00, финалӣ – аз соати 17:00 (бо вақти Душанбе) оғоз меёбанд.

Дар мусобиқаи мазкур иштироки 198 варзишгар (110 мард, 88 зан) аз 6 давлат дар назар аст.