Натиҷаҳои рӯзи якуми Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо миёни ҷавонон


Дар “Қасри теннис”-и пойтахт Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо миёни ҷавонони соли таваллуди 2001-2006 ҷараён дорад.

Ҳадаф аз баргузор кардани мусобиқа – муайян кардани мавқеи паҳлавонон дар радабандии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аст, ки имкон медиҳад ҳангоми сафарбарии онҳо ба мусобиқаҳои байналмилалӣ мураббиён ҷудочиёни беҳтаринро бе мушкилӣ интихоб намоянд.


Дар рӯзи якуми қувваозмоиҳо ҷудокорони вазнҳои -60, -66 ва -73кг ҳунарнамоӣ карданд.

Натиҷаҳои ниҳоӣ:

-60KG (105 ҷудокор)
1. Муҳаммадсолеҳ ҚУВВАТОВ (Душанбе)
2. Аҳмад АЮБОВ (шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ)
3. Амир АЗИЗУЛЛОЕВ (Душанбе)
3. Анушервон МАҲСИДИНОВ (Душанбе)

-66KG (98 ҷудокор)
1. Абубакр ШЕРОВ (Душанбе)
2. Фирӯз МЕЛИБОЙЗОДА (Душанбе)
3. Сарвар АБДУШУКУРОВ (Душанбе)
3. Фазлиддин САДРИДДИНЗОДА (Душанбе)


-73KG (66 ҷудокор)
1. Масъуди АҲМАДҶОН (Душанбе)
2. Субҳиддин ХАЛИЛЗОДА (Душанбе)
3. Ғаниҷон ҒАНИЕВ (Душанбе)
3. Муҳаммад САДУЛЛОЕВ (Душанбе)



Ҳамакнун, тибқи ҷадвали имтиёзҳо ба ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ 700 имтиёз, ҷойи дуюм – 490 ва барои ҷойи сеюм 350 имтиёз дода мешавад.

Фардо, дар рӯзи охири мусобиқа вазнҳои -81, -90, -100 ва +100кг рақобат мекунанд.