Нокомии ҷудочиёни тоҷик дар Aktau Asian Open 2021


Мусобиқаи кушоди Осиё (Aktau Asian Open 2021), ки рӯзҳои 13-14-уми март дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, барои ҷудочиёни тоҷик бебарор анҷом ёфт.

Амриддин ШАРИФОВ (-66кг) дар даври якум аз Есет КУАНОВ (Қазоқистон) бо иппон мағлуб шуд.


Натиҷаҳои ниҳоии вазни -66кг:
1. Есет КУАНОВ (Қазоқистон)
2. Сунгат ЖУБАТКАН (Қазоқистон)
3. Ермек АМАНГЕЛДИ (Қазоқистон)
3. Бауржан САГИНГАЛИУЛИ (Қазоқистон)
Хушвақт ИДИЕВ (-81кг) низ дар даври аввал дар «голден скор» аз варзишгари мизбон – Аян БАЙГАЗИ бо дарёфти як «ваза-ари» шикаст хурд.

Натиҷаҳои ниҳоии вазни -81кг:
1. Магомед ЭДЕЛБИЕВ (Русия)
2. Ғиёсҷон БОБОЕВ (Ӯзбекистон)
3. Арслонбек ТОҶИЕВ (Ӯзбекистон)
3. Аркабай БАРАК (Қазоқистон)

Хотиррасон мешавем, ки дар ин мусобиқот 198 варзишгар (110 мард ва 88 зан) аз 6 кишвари ҷаҳон ширкат дошт.