Ширкати Шаҳбозу Комроншоҳ дар Tbilisi Grand Slam 2021


Аз 26 то 28-уми марти соли равон дар пойтахти Гурҷистон - шаҳри Тбилиси мусобиқаи “Tbilisi Grand Slam” баргузор мешавад, ки дар он Тоҷикистонро Шаҳбоз САИДАБУРОРОВ (-60кг) ва Комроншоҳи УСТОПИРИЁН (-90кг) муаррифӣ мекунанд.
 
Рӯзи аввали мусобиқа – 26-уми март – қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60кг, -66кг миёни мардон ва -48кг, -52кг, -57кг миёни занон баргузор мешавад.
 
Рӯзи дуюм – 27-уми март - ҷудочиёни вазнҳои -73кг, -81кг миёни мардон ва -63кг, -70кг миёни бонувон рақобат хоҳанд кард.
 
Мусобиқа 28-уми март бо қувваозмоиҳои вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг миёни мардон ва -78кг, +78кг миёни бонувон ба поён мерасад.
 
Ҷудокорони мусобиқа имкони касби имтиёзҳои олимпӣ доранд. Барои мақоми аввал - 1000 имтиёз, дуюм - 700 имтиёз ва сеюм - 500 имтиёз дода мешавад.

Инчунин беҳтаринҳои мусобиқа бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз гардонида мешаванд. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, ҷойи дуюм - 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ тақдим карда мешавад.

Дар мусобиқа иштироки 502 варзишгар аз 82 давлат дар назар аст.