Рақибони ҷудочиёни тоҷик дар Tbilisi Grand Slam 2021 муайян шуданд

Бар асоси қуръакашии мусобиқаи Tblisi Grand Slam, ки имрӯз дар шаҳри Тбилиси баргузор шуд, рақибони паҳлавонони тоҷик дар марҳилаи муқаддамотӣ маълум шуданд.

Шаҳбоз САИДАБУРОРОВ (-60кг) дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ҷудочии пурқуввати ӯзбек, ҷоизадори Чемпионати ҷаҳон-2019 – Шарофиддин ЛУТФУЛЛАЕВ рӯи татами меояд.


Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (-90кг) низ рақобатро аз даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Абдераҳмане ДИАО (Сенегал) – Матиас КУУСИК (Эстония) оғоз мекунад.


Рӯзи аввали мусобиқа – 26-уми март (шуруъ аз соати 10:30) қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60кг, -66кг миёни мардон ва -48кг, -52кг, -57кг миёни занон баргузор мешавад.


Рӯзи дуюм – 27-уми март (шуруъ аз соати 11:00) - ҷудочиёни вазнҳои -73кг, -81кг миёни мардон ва -63кг, -70кг миёни бонувон рақобат хоҳанд кард.


Рӯзи сеюм - 28-уми март (шуруъ аз соати 11:30)  вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг миёни мардон ва -78кг, +78кг миёни бонувон нерӯсанҷӣ мекунанд.