Шаҳбоз Саидабуроров – барандаи медали биринҷии Tbilisi Grand Slam 2021


Дар шаҳри Тбилисии Гурҷистон мусобиқаи Tbilisi Grand Slam ҷараён дорад. Дар рӯзи аввали мусобиқа Тоҷикистонро Шаҳбоз САИДАБУРОРОВ (-60кг) намояндагӣ кард.

Шаҳбоз,  ки дар даври якум озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари пуртаҷрибаи Ӯзбекистон, ноиб-қаҳрамони Чемпионати ҷаҳон-2019 ва чанд карат  ҷоизадори сабқатҳои «Гранд Слэм»  – Шарафуддин ЛУТФУЛЛАЕВ бо касби ду «ваза-ари» пирӯз шуд.


Рақиби Шаҳбоз дар даври сеюм Савва КАРАКИЗИДИи юнонӣ бо дарёфти се «шидо» ноком шуд.


Дар чорякниҳоӣ САИДАБУРОРОВ бар зидди рақиби ба ӯ шинос – варзишгари Ӯзбекистон – Кемран НУРУЛЛОЕВ, ки зимнан дар мусобиқаи Tashkent Grand Slam дар мубориза барои медали биринҷӣ Шаҳбозро мағлуб карда буд, рӯ ба рӯ шуд.
Қувваозмоии ҷудокорон ҷолибу дидани сурат гирифта, дар сонияҳои аввали рақобат Шаҳбоз  бо иҷрои зиддиусуле аз ҳарифаш имтиёзи «ваза-ари» ситонид. Мутаассифона, пас аз як ҳамлаи ҷудокори ӯзбек, дасти Шаҳбоз осеб гирифта, дар натиҷа варзишгари тоҷик бо «ко-сото–гари» шикаст хурд.

Дар даври тассалобахш Шаҳбоз муқобили Олег ВЕРЕДИБА аз кишвари Украина қарор гирифт. Ҷудочии тоҷик дар 30 сония  имтиёзи «ваза-ари» касб намуд ва талошҳояшро идома дод. Ниҳоятан дар як зиддиҳамла ҳарифро ба тахтаи пушт ба замин зада,  ӯро дар ҳолати «осаекоми» нигоҳ дошт ва ҳамин тариқ ғалабаро ба даст овард.
Дар рақобат барои медали биринҷӣ Шаҳбоз бо ҷоизадори сабқатҳои «Гранд Слэм» ва Мастерс,  намояндаи Ҳолланд - Торнике ТШАКАДУА рӯ ба рӯ шуд. Қувваозомии онҳо пуршиддат сурат гирифта, Шаҳбоз дар «голден скор» ҳарифашро бо усули «учи-мата» шикаст дод ва барандаи медали биринҷӣ гардид.

Ҳамакнун ин сеюмин дастоварди назаррас аз мусобиқоти “Гранд Слэм” барои ҷудои тоҷик маҳсуб мешавад. Зимнан, соли 2019 Беҳрӯз ХОҶАЗОДА (-73кг) дар Ekaterinburg Grand Slam, Сомон МАҲМАДБЕКОВ дар  Osaka Grand Slam (-73кг) сазовори медалҳои биринҷӣ шуда буданд.



Final results -60kg:
1. NOZADZE Temur (GEO)
2. NURILLAEV Kemran (UZB)
3. SAIDABUROROV Shahboz (TJK)
3. HUSEYNOV Karamat (AZE)

Баробари дарёфти медали биринҷӣ Шаҳбоз САИДАБУРОРОВ соҳиби 500 холи олимпӣ шуд.

Дар рӯзи охири мусобиқа – 28 март, Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (-90кг) ҳунарнамоӣ хоҳад кард.