«Tbilisi Grand Slam» барои Комроншоҳ хотима ёфт


Дар сеюмин рӯзи мусобиқаи Tbilisi Grand Slam 2021 Тоҷикистонро Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (-90кг) муаррифӣ кард.

Комроншоҳ, ки дар даври аввал озод буд, рақобатро аз даври дуюм бар муқобили намояндаи Эстония – Маттиас КУУЗИК баргузор кард.

Дар ин нерусанҷӣ пас аз гузашти як дақиқа варзишгари Эстония усулеро анҷом дод ва соҳиби як имтиёзи «ваза-ари» гашт. Аммо дере нагузашта, Комроншоҳ бо иҷрои «ко-сото-гари» ҳарифро шикаст дод ва ба даври навбатӣ роҳ ёфт.

Мутаассифона, дар даври сеюм дар «голден скор» бо дарёфти «ваза-ари» аз ҷудокори Исроил – Ли КОЧМАН шикаст хурд ва аз идомаи рақобатҳо бенасиб шуд.




FINAL RESULTS -90kg:
1. NYMAN, Marcus (SWE)
2. MUNGAI, Nicholas (ITA)
3. GANTULGA, Altanbagana (MGL)
3. BOBONOV, Davlat (UZB)

Ҳамин тавр иштироки варзишгарони тоҷик дар Тбилиси Гранд Слэм ба анҷом расид.

Ёдрас мешавем, ки дар рӯзи аввали мусобиқа, Шаҳбоз САИДАБУРОРОВ (-60кг) сазовори нишони биринҷӣ ва 500 холи олимпӣ гашт.