Antalya Grand Slam 2021: Шаҳбоз Саидабуроров муқобили ҷудочии мизбон ва натиҷаҳои дигари қуръакашӣ


Имрӯз, 31-уми март дар шаҳри Анталяи Туркия қуръакашии мусобиқаи Antalya Grand Slam 2021 баргузор гардид, ки дар натиҷаи он рақибони ҷудочиёни тоҷик муайян шуданд.

Шаҳбоз САИДАБУРОРОВ (-60кг) дар рӯзи аввали мусобиқа рақобатро аз даври дуюм муқобили ҷудокори мизбон - Салиҳ ЙЛДЗ оғоз мекунад.

Рӯзи охир, Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (-90кг) дар даври аввал бо варзишгари Австрия – Адам БОРЧАШВИЛИ ва Темур РАҲИМОВ (+100кг) дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Лука КУНЗАБО (Руминия) – Еней МАРИНИЧ (Словения) рақобат хоҳанд кард.
 
Тақвими рақобатҳо:
Рӯзи якум (1-уми апрел, шуруъ аз соати 12:00):
Занон: -48, -52, -57kg;     Мардон: -60, -66kg


Рӯзи дуюм (2-юми апрел, шуруъ аз соати 12:45):
Занон: -63, -70kg;    Мардон: -73, -81kg


Рӯзи сеюм (3-юми апрел, шуруъ аз соати 12:45):
Занон: -78, +78kg;    Мардон: -90, -100, +100kg


Марҳилаҳои ниҳоии мусобиқа шуруъ аз соати 19:00 (бо вақти Душанбе) оғоз мешаванд.


  • Барои мақоми аввал - 1000 имтиёз, дуюм - 700 имтиёз ва сеюм - 500 имтиёз дода мешавад.
  • Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, ҷойи дуюм - 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ тақдим карда мешавад.
  • Дар мусобиқа иштироки 442 варзишгар аз 93 кишвар дар назар аст.