Амалишавии лоиҳаи «Дзюдо дар мактабҳо» дар шаҳри Душанбе

Федератсияи ҷудои мамлакат дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Федератсияи байналмилалии ҷудо ва дигар ниҳодҳои зиддахли кишвар лоиҳаи «Ҷудо дар мактабҳо»-ро роҳандозӣ намудаанд. Дар доираи ин иқдом Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №90-и ноҳияи Сино ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт лавозимоти аввалияи варзишӣ барои тамрини гӯштини ҷудо таъмин карда шуданд. 
 
Роҳбарияти Федератсияи ҷудои мамлакат нахуст аз шароити фароҳам овардашуда дар  Муассисаи ТМУ№ 24-и ноҳияи Фирдавсӣ  дидан намуда, ҳадаф ва рисолати асосии лоиҳаи “Ҷудо дар мактабҳо”- ро ба мураббиёну толибилмон фаҳмониданд.  Баъд аз мулоқоту ташкили як тамрини намоишӣ дар шароити нав   дастандаркорони барномаи мазкур меҳмони Муассисаҳои ТМУ№ 90 –и н. Синои шаҳри Душанбе гардиданд, ки дар маросими тантанавӣ ба толибилмони ин даргоҳи таълимӣ низ татами ва либосҳои варзишӣ тақдим карда шуд. Хонандагон аз ин иқдоми масъулони риштаи ҷудои кишвар изҳори хушҳолӣ намуданд.

Лоиҳаи “Ҷудо дар мактабҳо” натанҳо аз таъмини лавозимоти аввалияи тамрини гӯшитини ҷудо, балки барномаи мазкур боз имкон медиҳад, ки мураббиёни ҷудо ҳар моҳ аз ҷониби Федератсия бо маош барои таълими дарси ҷудо таъмин карда мешаванд.  
Ин охири кор набуда,   “Ҷудо дар мактабҳо” дар давоми сол боз меҳмони 10-ҳо таълимгоҳҳои дигар гашта, хотири садҳо кӯдакону наврасони варзишдӯстро болидаву шод хоҳад кард. Барномаи мазкур барои рушди дурнамои ҷудои мамлакат пешбинӣ гардида, дар тӯли фаъолияти Федератсияи мазкур чунин лоиҳаи бузург таҳррезӣ нагашта буд. Роҳбарияти Федератсияи ҷудо бо ин иқдом ҳадаф доранд то ҳарчӣ бештар кӯдакону наврасонро ба ин риштаи варзиши олимпӣ ҷалб сохта, аз миёни онҳо дар оянда паҳлавонони сатҳи ҷаҳониро тарбия намуда, ба майдонҳои сатҳи ҷаҳонӣ барорад.